БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи комёбиҳо

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ   ва  тақвият  бахшидан  ба  Соли  тақвияти  робита  бо  маҳал  бо  мардум  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён зимни вохӯрӣ  дар ташкилоти ибтидоии “Файзи Истиқлол” ҷамоати деҳоти Ориён    вохӯрӣ гузарониданд.

Ҳамзамон зимни суҳбату вохӯрӣ кормандон доир ба ҳадафу маrсад ва аҳамияти таrвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти “Ваҳдати миллӣ”,  пешгирӣ аз хатарҳои муосири  ҷаҳонӣ,  тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондeстию меҳанпарварӣ,  истифода аз захираҳои бойи маънавии  таърихи  миллати тоҷик,  эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ равона карда истодаанд, суханронӣ намуданд.

 Ҳамзамон, мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоrотҳо  бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба дарки иштирокдорон расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg