ДӮСТӢ. Дар арафаи Соли нави милодӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдуоҳафиз ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, Н. Нурмуҳмадзода ба аёдати собиқадори меҳнат Ӯзбеков Нурмаҳмад рафтанд.
Ёдовар мешавем, ки Нурмаҳмад Ӯзбеков солҳои зиёд дар соҳаҳои хизмати давлатӣ ва иттифоқи касаба кору фаъолият карда, дар пешрафти ин соҳаҳо саҳми арзандаи худро гузоштааст. Ҳамчун нишони эҳтиром ба собиқадори меҳнат аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳмадзода Нусратулло кумаки яквақтаинаи молӣ расонида шуд.