БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РОҲНАМОИ ХАЛҚ

АНДЕША. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки рӯзи 21-декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тофикистон ироа гардид, фаъолияти давлатдории навин, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсии мамлакат, тайи 30-соли соҳибистиқлолӣ таҳлили воқеӣ ёфтанд.   

       Боиси ифтихор аст, ки занону бонувон пайваста зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори ваҳдатӣ миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста барои баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа тадбирҳои заруриро равона месозанд. Роҳбари давлат ба мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мавқеи онҳо  дар самти сиёсати давлат ва афзоиши онҳо дар корҳои роҳбарӣ, хизмати давлатӣ ва шароит фароҳам овардан барои фаъолияти занон махсус қайд карданд, ки “ То соли 2030 бояд шароит фароҳам оварда шавад, шумораи бонувони корманд дар мақомоти давлатӣ ба 30% расида, бонувони роҳбар на кам аз 25% - роташкил диҳанд”.

        Шумораи занони роҳбарикунанда имрузҳо дар тамоми соҳаҳои  иқтисдиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ  ва ғайра афзуда, бо фаъолияти пурсамари хеш онҳо дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми  худро гузошта истодаанд. Масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа аз тарафи Роҳбарияти Олии кишвар қадр мегардад.

        Дар ин замина мо занону бонувонро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар камари ҳиммат баста, барои пешрафту ободии мамлакатамон содиқонаю софдилона хизмат намоем. Зимнан, Пешвои миллат дар Паёмашон зикр намуданд, ки “ Фарзандон аз тарбияи хуби модаронашон нависанда, адабиётшинос, иқтисодчӣ, табиб ва генерал мешаванд”.

     Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалањои даромади давлатӣ, зиёд намудани андозаи музди меҳнати кормандони касбу кори гуногун, рушди соҳаи энергетика, роҳсозию татбиқи барномаҳои давлатӣ дар масири ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тољикистон, ҳамкориҳои мутақобилаи байнидавлатӣ вобаста ба гардиши молу маҳсулот ва идомаи ҳамкориҳои густурда дар доираи  сиёсати “дарҳои боз”, мусоидат ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, авзои сиёсии ҳамсоякишвари Афғонистон ва роҳҳои ба созиш омадани гурӯҳҳои даргир, ҳамчунин расонидани кӯмакҳои моддӣ ба мардуми ҷангзадаи ин кишвар, роҳҳои афзалиятноки рушди соҳаи фарҳангу хизматрасонии сифатноки соҳаи тиб  ироа гардид.

       Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ироа гардид, ин эълон шудани солњои 2022-2026 ҳамчун солҳои “Рушди соҳаи саноат” дар мамлакат маҳсуб меёбад, ки ин омил бобати татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ва таъмини бозори истеъмолии дохилию хориҷӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, ҳамчунин ба зиёд гардидани сатҳи даромадҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

       Аз Паём то Паём сатҳу сифати зиндагии мардум, дастгирии давлатӣ ва заминаҳои устувори давлатдории миллатамон дар доираи тадбирандешии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурзӯртару пешрафтатар мегардад. Умед дорем, ки дар оянда низ мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо дарки масъулият дар атрофи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари хирадманди худ сарҷамъу муттаҳид гардида, дар раванди бунёди ҷомеаи демократию мутамаддин саҳми арзандаи худро мегузоранд. 

Сайёра Ҳусейнова, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg