БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РАҲНАМО БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

АНДЕША. Дирӯз аҳли зиёи кишвар, аз ҷумла мо ҳизбиёни вилояти Хатлон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шунида, аз он ба худ бардошти маънавӣ гирифтем. Қобил ба зикр аст, ки Паём ин барномаест, ки баҳри рушду нумуи кишварамон – Тоҷикистон, беҳгардонии сатҳу сифати зиндагии халқ равона гардидааст.  

       Ироаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад, ки фарогири муҳимтарин масъалаҳои зиндагӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат аст. Худи суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исботи он аст, ки халқи Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст.

       Пешвои миллат зимни Паёми худ зикр намуданд, ки дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.

       Паём ба сифати ҳуҷҷати барномавӣ ҳар сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, дар он соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, саноат ва савдо, илму маориф, фарҳангу маданият ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба таври возеҳ нишон дода шуда, бо дарназардошти воқеияти зиндагӣ ва дурнамои рушди кишвар таҳлил мегарданд, ки баҳри баланд бардоштани фарҳангу маданият, саводнокӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва тафаккури сиёсии шаҳрвандон таъсири амиқ мегузоранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки Роҳбари давлат дар Паёми хеш оид ба рушду пешрафти соҳаи саноат дар мамлакатҳои абарқудрат ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон низ ба ин соҳа бояд аҳамияти хоса дода шавад ва барои тақвияти ин гуфтаҳо дастур доданд, ки солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад.

     Тавре ки дар боло гуфта гузаштем, Сарвари давлат дар Паёми хеш ҳамчунин, доир ба соҳаи илму маориф ва дастовардҳои он суханронӣ намуда, қайд сохтанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ва тайёр намудани кадрҳои болаёқат омӯзгорони баландкасбу бомаҳорат ва донандаи забонҳои хориҷиро ро ҷалб намуд. Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, иброз доштанд,  ки бояд ҷавонони кишвар бо чусту чолокӣ, ҳушёриву зиракии хеш  ба илмҳои замонавӣ бештар диққат дода, мудом аз пайи зиёд намудани донишу савод ва малакаи  хеш бошанд. Дар ин ҷода, Пешвои миллат боз як нуктаи муҳимро қайд намуда, таъкид сохтанд, ки бе пешрафти соҳаи маориф ягон соҳа ба пеш қадам гузошта наметавонад, зеро дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ илму маориф нақши калидӣ дорад.  

      Дар суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат инчунин, аз таҷлили бошукуҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  дастур доданд, ки мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла, фаъолон, ихтиёриён, соҳибкорони ватанӣ ва дигар шахсони саховатпеша минбаъд аз пайи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, дар ободию созандагӣ, рушду тараққиёти кишвар саҳми босазои хешро гузоранд.

      Акнун, мо - сокинони кишварро зарур аст, ки Паёмро сармашқи кору фаъолият ва ҳаёти рӯзмарраи хеш қарор  диҳем ва тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми  мазкур бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон, роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла, сохтмони иншоотҳои баландошёнаи замонавӣ, таъмир ва азнавсозии роҳҳову купрӯкҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи амнияту осоиштагии мардуми шарифи тоҷик, пайваста кӯшиш намоем, то ки зиндагии шоиста ва босаодат, сулҳу амонӣ ва шодию нишот дар фазои кишвари маҳбубамон ҳамеша устувору абадӣ бошанд.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg