БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ҚАРЗ АСТ

АНДЕША.  Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор ва хурсандист, ки  солҳои  охир  теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар хеле афзуда истодааст. Ҷавонони ҷумҳурӣ низ ҳамчун ватандорони асил ба хубӣ  эҳсос менамоянд, ки кишварамонро маҳз бояд мо ҷавони далеру шуҷоъ ҳимоя намоем. Аз ин рў, меҳру муҳаббати самимӣ  нисбат ба Ватан – Модар  онҳоро ҳушдор менамояд, ки худашон ихтиёран  ба хизмат раванд.

Боиси қайд аст, ки вазифаҳои муҳими ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифзу ҳимоя намудани марзу буми Ватан аст. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Ҷавононро мебояд аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Пас аз хатми мактаб  хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донанд. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аст.

Аслан, хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Чунин мафҳумро бархе аз ҷавонони далеру ҷасур ва ватанппарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар софдилона хизмат мекунанд. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хуб аст, барои саркашӣ аз хидмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад. Хидмат ба Ватан –Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.

М.Маҳмадсафарзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg