БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

АНДЕША. Имрӯз тамоми занону духтарони тоҷик шукр аз он мекунанд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуву омоли худ расидаанд ва хушбахт аз онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ба сар мебаранд ва соҳиби Ватани худ бо тамоми урфу анъанаҳои миллии аҷдодӣ ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошта, ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занони тоҷик тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ метавонанд рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фикрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд.

Маълум аст, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали истиқлол масъалаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Пешвои миллат ҳамеша занҳоро неруи созандаи ҷомеа дониста, қариб дар ҳамаи суханронии хеш ҳатман эътимоду бовариро нисбат ба онҳо баён мекунад ва барои ҳалли масъалаҳои мухталиф ҷиҳати болобарии мақоми зан дар ҷомеа талош меварзад. Воқеан дуруст аст, давлате, ки занонаш бомаърифату таҳсилдидаанд, метавонад ҷомеаи он пешрафтаву муваффақ бошад.

Имрӯз, ҳар як зани тоҷик хушбахт аз он аст, ки маҳз бо шарофати дастгириҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназир дар рушди кишвар, ба зиндагии осуда, сарҷамъии мардум, давлати пирии калонсолон, хушбахтии ҷавонон ва хандаи кӯдакон расидаанд. Дар ҳақиқат, ҳамаи ин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати ин фарзанди фарзонаи миллати мо аст. Пешвои муаззами миллат тавонист миллати тоҷик ва Тоҷикистонро бо таърихи бою ғании хеш, анъанаи меҳмондӯстӣ ва талоши сулҳпарвариаш аз он роҳи пурпечутобу пурмонеаи солҳои 90-уми қарни гузашта барорад, то ки дар роҳи рости рушд сӯйи созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурахшонӣ устуворона қадам гузоранд.

Амридинова Фарида, узви фаъоли гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg