ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира, бо кормандони масъули ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор гашт.
Дар вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоти истифодаи мақсадноки онҳо, тақвият бахшидани корҳо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳезишуда ва амалӣ намудани чорабиниҳо вобаста ба танзими тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷети назорати истифодаи шаффофи молияи давлатӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ таъмин намуданд.
Инчунин, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, суханронӣ карданд.