БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКСИНАГУЗАРОНӢ ИН ЯГОНА РОҲИ РАСИДАН БА ИММУНИТЕТИ КОЛЛЕКТИВӢ

ҶАЙҲУН. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, иммунизатсия намудани аҳолӣ, истифодабарии мақсадноки нерӯи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар раванди баргузории аксия намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насима ва дигар масъулин иштирок ва суханрони намуданд.

Инчунин, қайд карда шуд, ки ваксина гирифтан ин ягона роҳи пайдо намудани иммунитети коллективӣ буда, дар ҳолати ба 85% расондани иммунитети коллективӣ метавон хавфу хатари ин бемориро аз байн бурд.

Аз ин лиҳоз аз ҳамаи сокинони ин ҷамоат хоҳиш карда шуд, ки барои ҳифзи фарзандон ва наздикон бо дарки баланди масъулияти инсонӣ ваксина гиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg