БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - НЕРӮИ БОЭЪТИМОДИ СИЁСИИ КИШВАР

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази бемориҳои пӯст" маҷлиси ҷамъбастии солонаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Шарипов Раҳимҷон баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Валиев Дилшод дар бораи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 баромад кард.

Зимни суханронӣ Шарипов Раҳимҷон иброз дошт, ки аз рӯзи нахустини таъсисёбиаш ҲХДТ масъулияти сарнавишти Ватанро ба душ гирифт, бо масъулияти дучанд масоили мубрами демократикунонӣ ва оромию осудагии халқро бо сарбаландӣ ҳал карда истодааст. Аз уҳдаи вазифаи хеш чун нерӯи сиёсӣ бештар баромада, дар ҷомеа соҳибобрӯ гардидааст.

Дар анҷоми маҷлис аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg