БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ...

АНДЕША.  Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, он миллат ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша саъйю кӯшиш мекунад, ки  мақоми хосаи илму маориф ва ҷойгоҳи баланди устоду омӯзгор дар ҷомеа таъмин шавад. Зеро рушди тамоми соҳаҳои кишвар  ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани ҳамаи табақаҳои қишрҳои ҷомеа вобаста мебошад. Чунон, ки  ҳазорсолаҳо пеш устоди устодон Рӯдакии бузург омӯхтану афрӯхтани донишро дар қалби  инсонҳо  бо чунин мисраҳо маънидод карда буд:

             Дониш андар дил чароғи равшан аст,

             В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Воқеан ҳам дар таърихи башар нақши дониш басо барҷаставу сарнавиштсоз будааст. Маҳз илм буд, ки инсонро аз торикӣ баровард, манзилу шаҳр обод карду қонунҳо эҷод намуд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низом бахшид, давлат бунёд намуд, фарҳангу маънавиётро ташаккул дода, ӯро аз ниқоби ҳайвонӣ дур карда дар шинохти мақом ва манзалати худ инсонро раҳнамун сохт. Дастовардҳои илмии башарият маҳз тавассути низоми маориф дастраси аъзои ҷомеа гардида, ба пешрафтҳои минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ замина мегарданд.

Илм ин роҳи шинохти олами табиӣ ва идоракунандаи он мебошад, ки дар тӯли таърихи инсоният илмҳои гуногун пайдо шудаанду рушду тараққӣ ёфта, ҷанбаҳои гуногуни олами атрофро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, яъне илм пешбарандаи ҳаёти инсон аст. Ҳар касе дар роҳе раваду талаби илм кунад, Худованд барояш роҳи фарроху ба сӯи биҳишт ҳадя мекунад. Касоне ки дар замину осмонанд ҳатто моҳиёни каъри дарё барои шахси толибилм омӯзиш металабанд,

Бузургон дар гузаштаи таърих фармудаанд: “Аз гаҳвора то ба гӯр дониш биҷӯй”- яъне аз хурдсолӣ то ба охири ҳаёт инсон бояд илмомӯзиро қатъ накунад. Илм чашму дили касро равшан месозад ва инсонро аз ҳама корҳои бад нигоҳ медорад. Илму дониш чароғи роҳи ҳар яки мост. Аз ин рӯ месазад, ки мо насли наврасро дар рӯҳияи илм омӯхтан рӯ ба китобхонӣ овардан тарғибу ташвиқ намоем.

Шукргузор аз он ҳастем, ки таи чанд соли охир бо сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” роҳандозӣ шудааст, ки дар он аз хурдсолон то калонсолон ҳуқуқи маънавии иштирок карданро доранд. Ин ташаббусҳои некбинонаи Сарвари давлат ба он  заминаю асос мегузорад, ки сатҳу савияи дониши мо баланд шаваду дар оянда мутахассисони донишманду болаёкат ба воя расанд.           

Саъбагул Валиева, собиқадор, корманди масъули ҳизбии КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg