БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАЗИФАҲО БАРОИ ДАВРАИ ОЯНДА МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаҳои Барқ” маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Азимҷон баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 шунида шуда, қарорҳои лозима қабул карда шуд.

Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар назди иштирокчиён вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ,  истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg