БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲАДАФИ СОЗАНДАГӢ ДОРЕМ

АНДЕША. Дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ободу зебо шудани диёри мо маълумотҳои зиёдеро пайдо намудан мумкин аст. Чунин раванди созандагиву бунёдкорӣ дар фурсатҳои кӯтоҳ ба мо имкон дод, ки шуруъ аз марказ то деҳаҳои дурдасти худро ободу зебо намоем.

Ободии диёр ва мароми созандагӣ ба тамоми соҳаҳои гуногуни кишвар таъсирӣ мусбӣ мерасонад. Аз ҷониби дигар барои наслҳои оянда шароити хуби истироҳату фароғат муҳайё мегардад.

Созандагиву бундёкорӣ аз замонҳои хело қадим дар вуҷуди мо маскан гирифтааст. Шаҳодати ин гуфтаҳо қалъаҳои таърихии давлатдории мо мардуми Тоҷикистон аст. Бубинед, ки ҳатто даҳҳо аср қабл мардуми тоҷик манора ва биноҳоеро сохта буд, ки аз лиҳози меъморӣ монанд ба биноҳои муосиранд.

Мо насли имрӯза тамоми дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри ободу зебо намудани диёрии биҳиштии худ саҳм мегузорем.

Дар вақтҳои сафар намудан ба гӯшаҳои гуногуни кишвари азизамон, диққати моро сохтмонҳои биноҳои муосир, ки барои хизматрасонии шаҳрвандон цомат афрохтаанд, ҷалб менамояд. Албатта, чунин ободкориҳо барои имрӯз ва фардои мо мардуми Тоҷикистон аст. Мо дар муттаҳиддӣ ва ҳамфикри ин кишвари худро ободу зебо намуда, истеҳсолоти худро ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон паҳн менамоем.

Аз мо танҳо лозим аст, ки даст болои қалб гузошта, бо иродаи қавӣ баҳри ободии  кишвар, ки онро Тоҷикистон ном аст, кӯшиш ба харҷ диҳем.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg