Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сафарбар намудани сокинон ба сарфаю сариштакоронаи истифодаи об- ҳамчун неъмати бебаҳо дар рӯзгори мардумӣ ва бахшида ба ташаббуси нави глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки раванди татбиқи он аз 22 марти соли 2018 расман оғоз гардид, Конфоронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2010-2028 дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фирӯза бо иштироки сокинони маҳалла ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Муродов Раҳмон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлилии Кумитаи иҷроия вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст, Муродов Раҳмон оид ба самтҳои афзалиятноки афзалиятноки ҳизб сухан ронда, қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсола мешавад, ки дар ҳалли масоили глобалии дар соҳаи об ташаббусҳои созандаеро пешниҳод намуда истодаанд.
Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал « Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2020» дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар кишвари мо таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии босифат ва беҳдошти чун афзалияти дигари муҳим боқӣ мемонад.
Дар кишвари мо ва инчунин, дар ноҳияи мо оид ба амалӣ гаштани ин ташаббус як қатор корҳо амалӣ гашта истодаанд.