![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20211217_145112.jpg?itok=gMQsg-3P)
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лаёқат” – Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва даҳҳо хонандагони муассиса Ҷамила Муродова барандаи ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо як фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол гирифта шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки Ҷамила Муродова аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди назму наср”, бахши наср дар озмуни мазкур ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм, барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва бо диплому мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ сарфароз гардид.
Бояд гуфт, ки тайи се сол аст озмуни мазкур таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар баргузор гардида истодааст.