КӮЛОБ. Бо ҷалби аъзои намояндагии ТТҶ “Созандагони Ватан” – и нази Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - COVID-19 ва гузаронидани ваксинатсия ба хотири пешгирии бемории мазкур дар кӯча ва боғи марказии шаҳри Кӯлоб аксияи ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни аксияи мазкур ба беш аз 400 нафар сокинону бошандагони шаҳр муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дастрас карда шуда, онҳо таъкид гардиданд, ки ҳар яки мо бояд бо масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконамон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ муроҷиат намуда, бар зидди бемории сироятии коронавирус ваксина гирем.