БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲ АЗ ТАБОБАТ

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва сирояти нави коронавирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Маркази саломатӣ дар маҳаллаю деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.

Чунин корҳои тарғиботӣ  дар маҳаллаи Гулистони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулистон”-и ҷамоати деҳоти Тахти Сангин аксияи ҳизбӣ гузаронида шуда, ба сокинон аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ вобаста ба  муҳофизат аз коронавирус тавсияҳо дода шуд ва онҳо ба иммунизатсия бо усули “хона ба хона” гузаронида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg