БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

ДАНҒАРА. Дирӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ҷалби сокинон ҷиҳати гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии КОВИД - 19 дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саломатӣ дар ҷамоати шаҳраки Данғара бо усули «хона ба хона»  корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Зимни суҳбат ба аҳолӣ вобаста ба солим нигоҳ доштани худ ва дигарон, риояи гигиенаи шахсӣ ва аҳамияти иммунизатсия суханронӣ намуда, аз онҳо  даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавируси “COVID-19” бояд ҳама ваксина гирифта, ин чорабинии муҳимро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg