БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ тибқи  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо мақсади  пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ҷалби сокинон ҷиҳати гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии коронавирус дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази соламатӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Восеъ бо усули «роҳ ба роҳ» вохӯриву мулоқотҳои сарироҳӣ доир намуданд.

Зимни суҳбат бо сокинон кормандони Маркази саломатӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи  гигиенаи шахсӣ ва аҳамияти иммунизатсия барои солимии ҷомеа суханронӣ намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби масъулини ҳизбӣ  ба сокинон барои гирифтани маълумоти бештар оид ба пешгирии бемории коронавирус  варақаҳои таблиғотӣ дастрас гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg