![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20211217_111547.jpg?itok=dNumPNtC)
Н.ХУСРАВ. Дар ташкилоти ибтидоии бахши фарҳангӣ ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки аъзоёни ҳизб кормандони бахши фарҳанги ноҳия баргузор гардид.
Доир ба масъалаии якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии њизбии Фарҳанги ноҳия аз фаъолияти соли 2021 ҳисобот пешниҳод намуд. Дар ҳисобот оид ба масъалаҳои ҳалталаби ташкилоти ҳизбӣ ва корҳои ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғи Оиннома ва Барномаи ҳизб, ҳаракати аъзои ҳизб тибқи нишондоди «Роҳнамо барои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ» ҳамарӯза фаъолият намуда истодаанд.
Масъулини Кумитаи иҷроия дар баргузори маҷлиси ҷамбасти соли 2021 иштирок ва баромад намуда қайд намуданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Кормандони соҳаи фарҳанг ҳифзи рушди фарҳангӣ миллиро бо дарназардошти завқи наслҳои имурӯза вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобида дар байни мардум бахусус ҷавонон васеъ ташвиқу тарғиб намоянд. Инчунин бо мақсади омӯзиши аниқи таърии пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президент чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шуд. Бо мақсади ба оламиён муаррифии осори илмию адабии ва фарҳанги тоҷикон 5500 солаги Саразм ва 7000 солагии шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешаванд. Бахши фарҳанг китобхонаҳои мавҷударо бо адабиёти нав ва дар деҳаҳои калон китобхонаҳои ташкил намоянд. Пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии ҳар сол баргузор мегардад, ки масъулияти шумо кормандони фарҳанг дар баргузории он хеле назаррас бояд бошад.
Дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоӣ -ҳизбӣ аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.