ФАРХОР. Бо роҳбории раиси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Фархор дар манзили истиқоматии шаҳрванд Шарипов Аҳмад, ки ба кумак ниёз дошт, корҳои ободонӣ, аз қабили майда кардани чӯб, нарм кардани бехи дарахтону замини корам ба сомон расонида шуд.
Пас аз анҷоми корҳои хайру савоб Аҳмад Шарипов ба иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён, аз ҷумла намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” изҳори миннатдорӣ баён карда, ин гамхориро давоми мантиқии сиёсати инсонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.