ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Насими Фархор " маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Насими Фархор" Нурхонов Абдулло “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021” шунида шуда, қарорҳои дахлдор тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон, нақшаи кории ташкилоти ибтидоии мазкур барои соли 2022 тасдиқ гардид ва вазифаҳо барои давраи оянда муайян карда шуд.
Баъдан намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Ятимова Рухшона дар бораи ҳаракати аъзои ҳизб, муборизаи дастаҷамъона бар зидди бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ баромад намуда, таъкид кард, ки дар оянда барои боз ҳам густурдатар шудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ бомасъулият бошем.