ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои барқияи телефонии №1/2-88 аз 15 декабри соли ҷорӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ҷалби сокинони ноҳия ҷиҳати гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии КОВИД - 19 дар дар якҷояги бо масъулини маркази соламатии ноҳия дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ оиди солим нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ ва аҳамияти иммунизатсия суханронӣ намуданд. Инчунин ба онҳо варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.