БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

АНДЕША. Пешвои  миллат, Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зимни  ироаи   Паёми  навбатӣ  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  соли  2021 -ро  барои  мардуми  Тоҷикистон воқеаи  таърихӣ –сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватанамон  пешниҳод  мегардад, ном бурданд.

Ҳақиқатан соли   2020 барои  сокинони  сайёра, аз  ҷумла  Тоҷикистони мо низ  соли  аз  ҳар  лиҳоз  вазнин  буд.  Сабаби  он  паҳн  гаштани  бемории  сироятии коронавирус ва  вобаста  ба  он, босуръат паст  рафтани  фаъолнокии  иқтисодӣ ва  афзоиши  бесобиқаи  бекорӣ  буд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2021 муайян карданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии  он мебошад. Паёми соли  сипаригардида мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи иқтисодию иҷтимоии кишвар бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир таҳия шудааст.Дар Паёми соли  сипаргаштаи хеш Пешвои  миллат ба масъалҳои муҳиму ҳалталаби имрӯза, хусусан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлат, ба даст овардани истиқлолияти энергетикии комил, азнавсозии роҳҳои мошингард, таъмини  солимии  ҷомеа ва ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ дикқати ҷиддӣ зоҳир намуданд.

Зимни  ироаи  Паём  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  масъалаи  дастгирии  соҳибкорон муфассал  истода  гузашта, оид  ба  саҳми  соҳибкорон  дар  пешрафти  иқтисодиёти  кишвар муфассал баён намуда,  ба  хурду  бузурги  Тоҷикистон, аз  ҷумла  соҳибкорону шахсони  саховатманд барои  фаъолияти  софдилона ба  хотири  ободии  Ватани  маҳбубамон миннатдории  самимӣ баён  намуданд.

Дар  раванди  дастурҳои  Паём  дар ноҳия Носири  Хусрав  бахшида  ба  амалигардонии  ташаббуси  чоруми  ҷаҳонии   кишвари  мо  дар  соҳаи  об – Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об  барои  рушди устувор, солҳои 2018-2028»  дар  5  деҳаҳои  се  ҷамоатҳои деҳоти  ноҳия  барои  сокинон  бо  ҷалби  сармояи  ташкилотҳои байналмиллии  «Ҳамсоягии  нек» (Международное  добрососедство) давлати Кориё ва  соҳибкорони  мувафақ чоҳҳои амудӣ  кофта  бо  оби  тозаи  ошомиданӣ  таъмин  гардиданд.  Инчунин, зиёда  аз  12  км.  роҳҳои  байни  хоҷагиҳо таъмиру   азнавсозӣ карда  шуда, зиёда  аз  48 км. роҳи  байни  кӯчаҳои  деҳаю  маҳаллаҳо  сангфарш  гардиданд. Бо  эълон  гардидани   солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои  рушди  деҳот,  сайёҳӣ  ва ҳунарҳои  мардумӣ”, ки  аз  ҳадафҳои  мо  ҳизбиён,   аз  эълони  Аксияи  ҳизбии «Якҷоя месозем !» бармеояд,  қисмат  амалии  Аксияи  мазкур  ба  хотири  таъмини  шароити  арзандаи  зиндагӣ  бо  ҷалби  сокинон  як  қатор  корҳои  ободонӣ  роҳандозӣ  гардида  истодаанд.  

Дар  Паём  ба ҳамаи  бахшҳои  ҳаёти  давлатдорӣ  баҳои  сазовор  дода  шуда, аз  вазъи  ноороми  ҷаҳони  муоссир дар  шароити  шиддат  ёфтани  рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ таҳдиди  хатарҳои  глобалӣ  ҳаматарафа таҳлил  гардида,  ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ идома  ёфта,  барои пешрафти  самарабахши  онҳо  пайваста  кӯшиш  ба  харҷ  дода  мешавад.

Соли  сипаригашта бо  тамоми  мушкилоташ собит  намуд, ки  мардуми  кишвар барои  боз  ҳам  беҳтар  зистан, обод  намудани  Ватани  азизи  худ ва тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон нерӯву имконият, таҷриба  ва  захираҳои  заруриро дороем. Танҳо  ташаббусу ташкилотчигӣ ва  саҳми  бевосита  гузоштан  дар ин  раванд  аз  ҳар як сокини шарифи  кишвар масъулияти  баланди ватандорӣ нишон  доданамон  зарур  мебошад.                                                                                                                                                                                             

Мо бояд  сокинон, ҳар  як  фарди  бонангу  ори  кишвар бо  назардошти  вазъи  ноороми  минтақа ва  ҷаҳон  зиракию ҳушёрии  сиёсиро   аз  даст  надиҳем, Ватани   соҳибихтиёри  маҳбубамонро  дӯст  дорем  ва  ба  он  содиқ  бошем.  Ба сулҳу  субот ва  оромии  кишварамон шукрона  гӯем, ба  қадри дастовардҳои  даврони  соҳбистиқлолӣ  бирасем ва  тамоми  саъю  талоши  худро  ба   рушду  тараққӣ  ва  ободии  Ватани  маҳбубамон  равона  созем.

Боварии  комил дорем, ки  Паёми  навбатии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки  он  санаи  21-уми  декабр  баргузор  мегардад,  барои  пешрафту  шукуфоии  кишвар  барномаҳои  ҷолиб пешниҳод  намуда,  ҷиҳати  боз  ҳам  беҳтар  шудани  сатҳу  сифати  зиндагии мардуми  шарифи кишварамон  амалӣ  мегарданд. 

Ализода Сураё  Ҷӯра, раиси  КИ  ҲХДТ  дар ноҳияи   Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg