ПАНҶ. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ дар самти пешгирии аҳолӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия бо мутахассисони соҳа ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Сино”-и Маркази саломатии ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Зафари ҷамоати шаҳраки Панҷ корҳои амалиро роҳандозӣ намуданд.
Дар ин росто сокинони маҳаллаи номбурда ваксина карда шуда, ба онҳо ан ҷониби ихтиёриёни назди Кумитаи иҷроия варақаҳои иттилоотӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ оид ба пешгирии паҳншавии беморӣ дастрас карда шуд.