ЛЕВАКАНТ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба эҳё ва зинда гардонидани ҳунарҳои мардумӣ ба маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди МДТ "ЛКСК"-и шаҳр рафта, аз самараи кори дастони моҳири роҳбари маркази мазкур Баротова Зебо дидан намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бархе занони фаъоли ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр дар хонаҳои истиқоматии худ чанд навъи либосҳои бофташуда ва ҷиҳози арӯсӣ, аз қабили кӯрпаю кӯрпача ва чолбанду дигар навъи ороишии арӯсӣ омода намуда, ба харидорон пешкаш месозанд, ки ҳама моли аълосифати дорои рангу бори диққатҷалбкунанда буда, онҳо харидорони худро доранд.