БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ - ҚОСИДИ СУЛҲ

ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз майдончаҳои варзишии шаҳри Левакант, даври финалии мусобиқаи футболи хурд барои дарëфти “Ҷоми раиси шаҳр” баргузор гардид.

Дар мусобиқаи футболи хурд намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар фаъолон иштирок намудад.

Дар даври финалии мусобиқа, дастаҳои футболбозони ШВКД-и шаҳри  Левакант бо дастаи “НБО Сангтӯда- 2”, “МДНРА-и шаҳр” ва “Бахши маориф” бо ҳам сабқат намуданд.

Пас аз анҷоми даври финалии бозӣ-футболбозони дастаи “ШВКД” сазовори ҷойи аввал ва соҳиби “Ҷоми раиси шаҳр” гардид. Футболбозони “НБО Сангтӯда- 2” соҳиби ҷойи 2-юм, “МДНРА-и шаҳр” сазовори ҷойи сеюм ва “Бахши маориф”  ҷойи чоруми мусобиқаро ба даст оварданд.

Дар фарҷоми мусобиқаи мазкур ғолибон ва фаъолони мусобиқа бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg