ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии Муассисаи давлатии “Литсейи касбии саноатӣ кимиёи”-и шаҳр бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Каниева Низора маҷлиси ҷамъбастӣ барои соли 2021 баргузор гардид.
Сараввал ҳисоботи котиби раиси ташкилоти ибтидоии мазкур М. Расулов шунида шуда, баъдан оид ба масъалаҳои барррасишуда қарорҳо қабул карда шуд.
Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ, рафти коргузорӣ, назорати ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуд.
Дар охир ба якчанд омӯзгорони ин даргоҳи маърифат дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.