БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ВАКСИНАГИРӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

КӮШОНИЁН. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ, бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ дар самти пешгирии аҳолӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус “COVID-19” масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия бо гурӯҳи корӣ дар деҳаҳои Сарчашма-1 ва Сарчашма-2-и ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо усули “хона ба хона” аҳолиро баҳри пешгирӣ аз бемории коронавирус барои ваксинагирӣ тарғиб намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ба аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир карда, даъват ба амал оварданд, ки барои пешгирӣ намудан аз сироятёбӣ ба бемории коронавируси “COVID-19” бояд ҳамаи мардум ваксина гирифта, ин чорабинии муҳимро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg