БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲИТИ ЗИСТРО ТОЗА НИГОҲ ДОШТА, ХУДРО АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭМИН НИГОҲ ДОРЕМ

АНДЕША. Вирусҳои сироятӣ дар тӯли солҳои мавҷудияти олам ҳамрадифи одам зиндагӣ мекунанд. Чун организмҳои зиндаанд, бо зиндаҳои табиат пайванданд. Ва имрӯзҳо яке аз чунин вирусҳои сироятӣ бо номи коронавирус миёни сайёраи замин паҳн гардидаасту барои саломатии мардум хеле хатарнок ҳам ҳаст.

Ба андешаи ман чи вируси оддӣ бошад, чи хатарнок аз байн бурдани он ба худи мо вобаста аст. Агар мо дастаҷамъона алайҳи ин бемориҳо мубориза барем, ҳатман метавонем, ки хатари паҳншавӣ ва ҳатто зарари онро кам намоем. Дар байни мардум аксаран мегӯянд, ки “Тозагӣ-гаравӣ саломатӣ” ва ин гуфтаҳо беҳуда нестанд. Агар мо пайваста, пеш аз ҳама, ба тозагии хонаи худ, муҳити зист, ҳавлиҷой, кӯчаву маҳалла эътибори ҷиддӣ диҳему пайваста барои тозагии ин ҷойҳо саҳмгузор бошем, хатари паҳн шудани ҳама гуна бемориҳоро метавонем, кам намоем ва ё аз байн барем.

Имрӯзҳо шахсонеро вомехӯрем, ки партову ифлосиҳои худро ба куҷое, ки пеш омад, мепартоянду муҳити зистро ифлос менамоянд. Аммо ин кор хато буда, хатари сироятёбии моро дучанд менамояд. Агар воқеан гирду атрофу худро тозаву озода дидан хоҳему ҳеҷ вирусе ба фазои нафаскашии мо ворид нашавад, бояд муҳити зистро тоза нигоҳ дорем.

Гулшинонию гулпарварӣ ва ҳифзи табиати сабзи диёр низ омили дигари покизагии фазои рӯзгори мост. Зеро бӯи муаттари гулҳо чи дар ҳавлиҷой ва қад-қади роҳравҳои кӯчаҳо, ки феълан ба ҳукми одати ҳамешагии сокинон даромадааст, гардҳои ҳаворо тозаву димоғҳоро кушода месозанд.  Дарахтони сабз нақши ҳавософсозии муҳитро иҷро мекунанд.           

Хулоса, барои нобуд сохтани ҳама гуна вирусҳои сироятӣ, алалхусус COVID-19 ҳар яки моро зарур аст, ки корҳои тозагии муҳити зистро вусъат бахшем, гигиенаи шахсиро ҳамеша риоя намоем, маҳлулҳои антисептикиро саривақт ва пайваста истифода барем, дар ҳолатҳои зарурӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоем. Ва муҳимтар аз ҳама дар паҳлӯи ҳам истода, дастаҷамъона алайҳи ин бемориҳо мубориза барем.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg