ВОКУНИШ. Барномаи тарҳрезишудаи “Ҳақ ва ботил”, ки ровигии онро як хоини маккор, ки худро “ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон” мешуморад, тамошо намуда, ростӣ дар бесаводӣ, аблаҳӣ ва лақигии Ҳусейн Ашуров қоил гардидам. Зеро ҳангоме ки як роҳбари ҳизб бо ӯ дар суҳбат мешавад, бесаводи ватанфурӯш калимаҳоеро, ки аслан набояд як “мухолиф” ҳеҷ гоҳ дар барномаҳое, ки ба қавли худашон чор ҳазору панҷ ҳазор нафар тамошо доранд, истифода намояд. Бинандае, ки ин барномаи тарҳрезишударо тамошо менамояд, метавонад, баръало аз ҳамон сухане, ки ӯ талаффуз менамояд, яъне, такрор ба такрор “биги дега”-ро талаффуз карданаш хулоса намояд, ки саги кӯчагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад, вафодор бошад, зеро ӯ бо нону намаки кӯча ба воя мерасад. Аслан ин барномаҳои якрангаро чунон тарҳрезӣ намудаанд, ки ҳар касе, ки ҳақро мегӯяд, ё аз Ватану Роҳбари кишвари худ ҳимоят мекунад, ин “донишмандони ватандор” нафароне, ки дар атрофи худ ҷамъ гардида, ё нафаронеро, ки аслан на маданияти гап задан доранд, на бӯе аз сиёсат бурданд, ё умуман нафаронеро, ки дар ахбори онҳо мерақсанд, бар зидди нафари тарафдори давлату Ҳукумат мешӯронанд. Номи саҳифа бо барномаҳо умуман мутобиқат надорад, зеро ин гурӯҳи харидашуда ҳақро шунида наметавонанд. Як нафар дар барнома бо номи Абдуллоҳ пайваст шуда, тарафдорӣ аз маъшуқаҳои худ, яъне Ҳ.Ашуров менамояд ва бори дигар бо номи дигар даромада, бо дигар намудани овози худ гуфтаҳои Абдуллоҳро тақвият медиҳад ва Ашурови лаққӣ ҳам боре ба ӯ намегӯяд, чеҳраатро нишон деҳ, зеро медонад, ки одамони худиянду маслиҳат пешакӣ таҳрезишуда. Чизи дигаре, ки метавонад, хоин будани Ҳусейн Ашуровро исбот намояд, ин таҳдиди нафароне, ки аз осудагию тинҷии ин миллат ҳимоят мекунанд, бо мантажи аксҳову видеоҳои онҳо мебошад. Маълумотҳое, ки ӯ нисбати шахсони ҳимояткунандаи давлату Роҳбарияти кишвар ҷамъоварӣ менамоянд, аксаран аз сомонаҳои иҷтимоӣ мебошанд, аммо ин иблиси маккор ҷоғ мезанад, ки мо онро аз нафарони худатон дастрас намудему мо туро видео карда мегузорем. Ин тарзи таҳдид онро бозгӯ менамояд, ки ҳар касе, ки аз Ватани худ, аз осудагии фарзандони худ ҳимоят мекунаду, ҳақиқатро бар зидди дурӯғҳои мо, ғаразҳои мо, нақшаҳои шуми мо, ҳадафҳои хоҷагони мо гап мезанад, мо аксҳои ӯро гирифта, бо таҳрир дар саҳифаамон мегузорем.Тарафдорони ин харидашудаи дар ниқоб “ҳақгӯ”, Ҳ. Ашуров, нафаронеанд, ки дар ҳамон студио қарор доранду бо ивази ном ё овози худ аз ҳаммаслакашон дастгирӣ менамоянд. Муҳоҷироне, ки дар ин барномаҳо суханронӣ намудаву дар дасисаву дурӯғбофии онҳо шарик мешаванд, аксаран нафаронеанд, ки умуман донишу фаҳмиши сиёсӣ надоранд, ки мо онҳоро дар суҳбатҳояшон борҳо эҳсос намудаем. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи муҳоҷирон ва нафароне, ки дар дурӯғҳои “асалӣ”-и ин ватанфурӯш, падарбезор дода шудаву барномаҳои ӯро тамошо менамоянд, эҳтиромона даъват ба амал меоварам, ки ба дасисаҳои ин рӯбоҳи бедум дода нашаванду баҳри ободию осудагии хонадони худ боз ҳам камари ҳиммат баста, дар пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.
Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон