БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДӢ – ТАБОҲӢ ВА МАРГИ ИНСОН

ВОКУНИШ. Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нашъамандӣ рӯ ба афзоиш оварда, ҳамчун кирдори ношоиста ва амали номатлуб инсонро аз роҳи дуруст гардонида, ӯро ба табоҳиву нестӣ меорад.

Нашъа моддаи мадҳушкунанда ва бадтаъсир буда, инсонро бехуду беҳуш ва бемору беобрӯй мегардонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю иззати худ ва наздиконаш рӯ гардонда, ҳастию ҷони худро ба назар нагирифта, шахсияти худро поймол месозад, мудом ба корҳои ношоиста ва манфур, ба монанди дуздию роҳзанӣ ва ҳатто ба куштор даст зада, бо ҳаёти худу дигарон мебозад, зеро ки нашъа ақлу ҳуши ӯро рабуда, ба ҳар амалу ҳаракатҳо ӯро водор месозад ва оқибат ӯро ба нестӣ меорад.

Бояд гуфт, ки нашъамандӣ бемории ғайриоддиест, ки ба тамоми узвҳои ҳаётан муҳими инсон, аз ҷумла, асаб, гурда, дил ва ғайра таъсири манфӣ расонида, фаъолияти ин узвҳоро хароб месозад, ки оҳиста-оҳиста инсон руҳу қувваи муҳофизатии хешро гум намуда, ба марг дучор мегардад.

Мутаассифона, холо дар ҷомеаи мо нафарони зиёд, ҳам мардон,  ҳам занон ва ҳам ҷавононе ҳастанд, ки ба ин кори хавфовар даст зада, ба ояндаи худу наздиконашон зарба мезананд. Онҳо шояд аз камбудиҳо ва мушкилиҳои зиндагӣ, ё бо мақсади дур гаштан аз ғаму дард, ё шояд ки аз нодонии оқибатҳои фоҷиабори нашъамандӣ ва ё аз барои айшу ишрат ба ин кори бешарафона даст мезананд, ки оқибаташ шармсорӣ ва марги фаврист.

Дар интиҳо бо умед иброз медорем, ки ҳамаи онҳое, ки дар ин роҳи нодуруст қарор доранд, оқибати нохуби ин амали номатлубро дарк намуда, худро аз ин бало эмин нигоҳ хоҳанд дошт ва дар пайи ба камол расонидани фарзандони баору номус, солиму танӯманд ва бофарҳангу босавод кӯшиш намуда, бо меҳнати ҳалол зиндагии бехатар ва босаодатро барои худу наздикон ва насли оянда муҳайё хоҳанд сохт.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg