БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТУ ЯГОНАГИИ КИШВАРРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ

АНДЕША. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта, омилҳо, хусусиятҳо, харобиҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Махсусан дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардидаанд.

Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодем, ки дар ҷаҳони ислом вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Хулоса, имрӯз ҳар як шаҳрванди  меҳандӯст, худогоҳу хештаншиносро зарур аст, ки аз фиребу дурӯғу дассисаҳои ин гурӯҳҳои ифротӣ худдорӣ намоянд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ, сулҳу суботи ин кишвар сидқан талош намуда, саҳми худро баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии он гузорад.

Ҳакимҷон Ишмуродов, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg