БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИММУНИЗАТСИЯ БА САЛОМАТИИ ИНСОН ФОИДА ДОРАД

ШАҲРИТУС. Бо мақсади гузаронидани иммунизатсия дар зидди бемории сироятии COVID-19 ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол пайдоиши сирояти нави коронавирус, дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи “Талбак Садриддинов” бо иштироки раис ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоат ва раисони деҳаҳо, имомхатибони масҷиди панҷвақта, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ ва фаъолони ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов,  маҷлис доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар маҷлис вобаста ба гузаронидани вохӯрӣ ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ  миёни аҳолӣ оид ба  иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, барои пешгирӣ аз пайдоиши коронавирус,  барои ташкил намудани гурӯҳи корӣ аз тарафи кормандони ҷамоат, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ раисони деҳаҳо, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолони ҳудуди деҳаҳо  андешаронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg