БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКСИНАЗАНӢ БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС

ҶАЙҲУН. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19, иммунизатсия намудани аҳолӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи аксия бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Панҷ аксияи ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар раванди баргузории ин аксия масъулин бо сардорони оилаҳо суҳбат намуда, онҳоро иммунизатсия намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои болозикр тақсим намуданд.

Ба гуфтаи коршиносони соҳаи тиб, ягона роҳи муҳофизати худ ва наздикон аз беморие, ки метавонад боиси марг ё бад шудани вазъи саломатӣ муддати тӯлонӣ гардад, ваксиназанӣ аст. Ваксина бар зидди коронавирус иқтидори эҷоди масунияти доимӣ ба COVID-19-ро дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg