![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20211208_114234.jpg?itok=2me6mO3W)
Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо занону чавондухтарони вохӯрӣ баргузор намуда, ба онҳо дар бораи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон ва пешгирии хушунати байни хонавода фахмонида доданд.
Намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат қайд намуданд, ки ҳар як оила пеш аз ҳама бояд шароити зиндагии худро беҳтар намояд. Ба занону бонувон фаҳмонида шуд, ки дар тарбияи фарзандон саҳмгузор бошанд, ба онҳо тарзи дурусти рафтор, гуфтор ва муомиларо бо аҳли оила ва шавҳар омӯзонанд. Роҳи пойдории оилаҳо ва пешгирӣ аз пошхӯрӣ ин одобу ахлоқи хуб ва таҳаммул мебошад.