ЁВОН.Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Парчасойиҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки фаъолони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Солиҳов М. мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияиҲХДТ дар ноҳия дар самти расонидани Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги ғайр, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навхонадорон, ободию хуррамии маҳал, ҳамкории оила бо мактаб андешаронӣ карда шуд.
Дар охир дар назди деҳаи Парчасой ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Парчасой» таъсис дода шуд.