БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ВАЗИФАҲО МУШАХХАС ШУДАНД

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи №5" маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар маҷлис ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба масъалаи якум ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи №5" Шарипов Сайвалӣ  дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Ҳайёти солим" дар соли 2021” шунида шуда, нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар масъалаи камхарҷ ва дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷусмҳурии Тоҷикистон” баргузор кардани ҷашни Соли нави мелодӣ суханронӣ намуданд. Инчунин, дар идомаи суҳбат иброз карда шуд, ки аъзои ҳизби ин ташкилот, ки кормандони соҳаи тандурустӣ мебошанд, дар масъалаи гузаронидани ваксинатсия бар зидди бемории коронавирус боз ҳам корро ҷоннок намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg