ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Маркази алоқаи почта " маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази алоқаи почта”, натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2022 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ гардиданд.
Дар охир намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба аҳамияти иммунизатсия ва пешгирии паҳншавии бемории коронавирус баромад намуданд.