БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пурзӯр намудани  чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус    бо усули “хона ба хона”  дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази саломатии ноҳия гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо ва дигар нафароне, ки бо онҳо ҳамсуҳбат шуданд оид ба қарори имзонамудаи Пешвои миллат аз 22 марти соли 2021 дар бораи иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ суҳбат намуда, иброз доштанд, ки иммунизатсия ҳатмӣ буда, ягон зараре ба инсон надорад ва ҳама дар якҷоягӣ бар зидди ин беморӣ бояд мубориза барем.

Инчунин, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор маводҳои  тарғиботӣ барои фаҳмондани муҳимияти иммунизатсия дар намуди буклетҳо ва брошураҳо омода намуда, миёни аҳолӣ паҳн карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg