АНДЕША. Дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.
Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият мебарад, ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз дорад, хоса ба дӯст. Дӯст афзунии ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад. Инсон ҳам бе дӯсти наздик буда наметавонад. Дар урфият иборае ҳаст, ки дӯстон се навъанд. Забониву нониву ҷонӣ. Дӯстон ҳақиқатан дар ҳамин се навъ буда метавонанд. Асоситаринашон дӯстони ҷонӣ онҳое, ки дар ҳамаи мавридҳо дар ғаму шодии кас ҳозиранд. Ба ибораи шоир: Аз касе пурсидаанд, ки дар зиндагӣ бародар хуб аст ё дӯст, ҷавоб дод: «Бародар хуб аст, агар дӯст бошад».
Аз ин суханон бармеояд, ки ҳатто бародарон низ душман буда метавонистаанд. Ин гуна бародароне, ки бо бародарони худ кинаву адоват доранду душманӣ меварзанд, албатта дар муҳити оилаи носолим ба воя расидаанд, зеро дар тарбияи фарзандон муҳити хонаводагӣ сабабгор буда метавонад. Дар оилае, ки дӯстию рафоқат вуҷуд надорад, ягонагиву якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта наметавонад, бинобар ҳамин фарзандон низ чун меваи дарахти пурбору бешафоат ба воя мерасанд. Мардуми тоҷик ниҳоят мардуми меҳмоннавозу дӯстпарваранд ва дӯстонро бо тамоми мавҷудияташон дӯст медоранду мепарваранд. Ҳақиқат аст, ки саодату камолоти ҳар миллату давлат ва бахту иқболи баланди онҳо аз робитаи дӯстӣ пойдор мегардад. Дӯсти ҳақиқӣ ҳамеша мекӯшад, ки ба шодии дӯсти худ боз шодие зам намояд, хотири болидаашро болидатар гардонад,
Хулоса, дӯстӣ рамзи бузургест, ки софдилону бузургонро мепарварад. Дӯстӣ ганҷи бебаҳост, дӯстон ҳамдаму ҳамроз, ҳамқадаму мунису ғамхори одамони баландпарвозанд ва шахси бедӯст дарахти бешоху баргеро мемонад, ки зинатеро соҳиб буда наметавонад. Пас, биёед, азизон, мекӯшем пайи ҷамъоварии дӯстони ҷонӣ, бошем, ки дар ҳама пастию баландиҳои зиндагӣ дар барамон бошанд. Ончунон ки шоири бузург фармудааст:
Дӯст машмор он ки дар неъмат занад,
Лофи ёриву бародархонагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Олимов Раҳмоналӣ, мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н. Восеъ