БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНАНДАГОН ДАР ВИКТОРИНА ФАЪОЛ БУДАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии Муассисаи давлатии таҳсилоти «Литсейи касбии саноатӣ-кимиёӣ”-и шаҳр бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба 27- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни хонандагони муассисаи мазкур викторина баргузор карда шуд.

Маҳфилро котиби раиси ташкилоти ибтидоӣ М.Расулов оғоз намуда, иштирокчиёни маҳфилро доир ба мақому манзалати маҳфил ва тарзи гузаронидани он ошно намуд.        

Роҳбари маҳфил М. Расулов доир ба тарзи гузаронидани маҳфил миёни хонандагон ибрози андеша намуда, хотиррасон сохт, ки ҳадаф аз баргузории маҳфил баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дар замири онҳо бедор намудани ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани савияи дониш мебошад.

Озмун бо истифода аз тахтаи электронӣ гузаронида шуда, тибқи низомнома ба хонандагон 20 савол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, биология ва экалогия пешниҳод карда шуд, ки хонандагон ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои саҳеҳ доданд.

Дар анҷом аз ҷониби ҳакамон ғолибон муайян гардида, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg