БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ВА ПАДАР ГАНҶИ НОЁФТАНИСТ

АНДЕША. Модар ва падар чӣ калимаи муққадас аст. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Падар бошад, ба таъминоти хона ва барои фарзандонаш кушиш мекунад, ки дар бораи Ватан -Модар муқаддас буданашро ба қалби фарзандонаш ҷо кунад.  Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд беканор аст. Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба дунё овардан  аст. Шоир беҳуда нагуфтааст:

Якшаба он ранҷ ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Дар ҳақиқат модар ягона шахси меҳрубону ғамхор барои мост. Падар бошад сутуни хонадони мост.     

Падар Олиҷаноб,модар нозанин аст.

Бародар меваи рӯи замин аст,

Дӯстон  мо қадри якдигар бидонем

Ки  ҷои одамӣ зери замин аст.

Модар худаш намехӯраду фарзандашро мехӯронад, дили софу меҳрубон дорад, модар  барои фарзандаш тайёр аст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад. Мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем ва ҳам ба қадри падар.  Онҳоро  дӯст дорему ба онҳо меҳрубон бошем. Нагузорем, ки қатраи оби чашмашон резад, дилашон зиқ шавад. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии  падар  ҳеҷ аст. Бузургон дар васфи падарк модар шеърҳои зиёде гуфтаанд, ҳофизон онҳоро ба оҳанг дароварда сурудаанд. Шоир беҳуда нагуфтааст:

Такя дар паҳлуи модарҷон ғанимат будааст,

Хоб дар зонуи модарҷон ғанимат будааст.

  Ҳар як нафари мо бояд ба қадри волидайн бирасем. Ӯро хушбахт созем, то ҳастем барояш хизмат кунем. Кӯшиш кунем, ки модару падар аз мо розӣ бошад.  Ҳеҷ гоҳ меҳри онҳо аз фарзанд кам намешавад. Дар дунё ғайр аз модару падар касеро то ин дараҷа дӯст намедорам.

Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, ғамхору дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст. Дар олам шахсоне ҳастанд, ки модару падараш дар хурдияш даркор мешавад, аммо ба балоғат раисданд фаромӯшаш мекунанду  онҳоро ба хонаи  пиронсолон мебаранд. Албатта ин ба анъана ва урфу одати мо намедарояд. Мардуми мо аз замонҳои қадим волидайни худро дар вақти пиронсолӣ ба нигоҳубинии  доимии худ қарор медиҳанд.

Иботов Диловар, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg