ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ҷиҳати ба аҳолӣ расонидани муҳтавои суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар 12 майи соли 2018, дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бо сокинон вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хатар, оқибатҳо ва пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ миёни аҳолӣ махсус таъкид карда шуд.
Ҳамзамон дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, чунин вохӯриву мулоқотҳои тарғиботиву тшвиқотӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо маром идома доранд.