ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ ва бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ дар самти пешгирии аҳолӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбук аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Худро аз коронавирус ҳифз намо!” баргузор намуданд.
Дар ин аксия масъулини ҳизбӣ ба сокинон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ маълумоти муфассал дода, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ дар бораи пешгирии паҳншавии беморӣ тақсим карданд.