ВОСЕЪ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ин навбат дар кӯчаҳои серодами ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои тарғиботиро, ки асоси фаъолияти ҲХДТ мебошад, гузарониданд.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроия ба сокинон роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирусро фаҳмонида, варақа ва дастурҳои иттилоотиро дастрас намуданд.
Ҳамчунин, дар идома гуфта шуд, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст ва моро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоему гирду атроф ва хонаву манзили хешро ҳамеша тоза нигоҳ дорем.