ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва инчунин, бо мақсади гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи тиб ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар кӯчаҳои ҷамоатҳои шаҳраки Ҳулбук корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ваксинакунонӣ гузарониданд.
Бояд қайд намоем, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуда, зимни он ба сокинон роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ фаҳмонида шуд ва инчунин аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии ин бемории ҳамагир дастрас карда шуд.