АНДЕША. Дар зиндагӣ инсон бояд якбин ва якрӯ бошад ва миёни мардум мақому эҳтироми хоса дошта бошад. Вале шахсоне, ки зоҳирашон дигару ботинашон дигар аст, яъне шахсони дурӯя ягон эҳтиромеро сазовор намебошанд ва ба мақсади хеш ҳеҷ гоҳ намерасанд.
Аммо имрӯзҳо чихеле, ки мушоҳида кардаем аз рафтору кирдори шахсони дурӯя ба монанди намояндагони гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шахс ба ҳайрат меояд ва худ ба худ ба андешаву хаёлҳо фурӯ меравад.
Аз барномаҳои иғвоангезонаи ин гурӯҳҳо, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ ҳамарӯза пахш карда мешаванд, ба худ меандешам, таассуф мехӯрам, ки баҳри вазифаву мансаб ва курсӣ шахс ватани худро ба як маблағи ночиз фурӯшад, барои соҳиб гардидан ба мақоме ба сари миллату халқи худ офату мушкилиҳо орад. Ватане, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст, бо дурӯягиву иғвоангезӣ ба балоҳо гирифтор намояд.
Ин шахсон ҳеҷ гоҳ ба ватану миллати хеш содиқ буда наметавонанд, зеро аз шахсе, ки нисбати ватани хеш хиёнаткориро пеша кардааст, магар ягон хубӣ, некӣ ва ё ягон ободкорӣ интизор шудан ин худ ахмақист. Ин шахсон танҳо ва танҳо дар фикри молу чиз ва мансаб ҳастанду халос. Ин шахсон танҳо дар фикри иғвоангезӣ ҳастанду ноором сохтану халалдор намудани осудагии халқ.
Хулоса ҳамаи мо мардуми тоҷикро, алалхусус ҷавононро зарур аст, ки ба дурӯягии ин хоинон фирефта нашавему доимо дар пайи омӯзиш, ободкориву созандагии диёри хеш бошем. Чун, ки ин шахсон аз пешравии диёри маҳбубамон ҳасад мебаранду аз корҳое, ки Пешвои маҳбуби миллат барои тараққӣ ва пешравии Тоҷикистони азиз анҷом медиҳанд, ҳасуд хӯрда, фитнаҷӯӣ менамоянд. Худро ватандӯст нишон медиҳанду аммо дар асл ватанфурӯшанд.
Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ