Н.ХУСРАВ. Бо мақсади таъмини шароити хуби зиндагӣ ба аҳолӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” Кумита ииҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои ташвиқотиро оид ба ободонию амалисозии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ намуда истодааст.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва дастгирии сокинон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Муъминобод”-и ҷамоати дењоти Истиқлол Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» баргузор гардида, роҳи кӯчаҳои деҳа, ки хело хароб гашта буд, ба масофаи зиёда аз 2 километр сангфарш карда шуд. Аз иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён сокинон руҳбаланд гардида, дар сангфаршкунии роҳи деҳа саҳми худро гузоштанд.