ВОКУНИШ. Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он метавонад ба ифротгароӣ сабзида расад.
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сӯйи истифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳлии он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Ғафурзода Рухсора, корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон