АНДЕША. Тавре маълум аст, ҳоло ҷаҳонро бемории сироятии коронавируси навъи COVID - 19 азият дода истодааст. Бемории коронавирус ва дар ҷаҳон бо суръат паҳн шудани он барои аҳли башар, аз ҷумла, миллати тамаддунсози тоҷик санҷиши нахустини тақдир нест. Агар ба таърихи начандон дури миллати тоҷик ва умуман Осиёи Марказӣ назар афканем, мебинем, ки бемориҳои сироятӣ тез-тез хуруҷ намуда, бар асари онҳо инсонҳо ҷон аз даст додаанд. Дар таърихи гузашта низ миллати сарбаланди тоҷик дар роҳи душвор ва пурпечу тоби зиндагӣ ҳангоми сар задани душворие дасти ҳамдигарро мегирифтанд, дӯсту тифоқ буданд ва баҳри барқарор намудани сулҳу ваҳдат якҷоя кӯшишу ғайрат менамуданд. Нишонаи аслии расму русум ва урфу одат, пеш аз ҳама одоби аҷдодӣ, дастгирии ҳамдигар, амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек мебошанд. Тавре зикр намудем, мардуми сайёра дар интиҳои соли 2019 аз пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус дар музофоти Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин огоҳӣ пайдо намуд ва дар кишвари мо вобаста ба пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии он андешидани чораҳои амалӣ аз ҳамон вақт оғоз ёфт ва то имрӯз идома дорад.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳо баҳри он истифода мегардид, ки бемории коронавирус ба кишвари мо ворид нагардад. Вале мутаассифона ин вабои аср ба Тоҷикистон ворид гардид. Ҳоло дар шабакаҳои интернетӣ хабарҳои зиёд ба чоп расида истодаанд, ки дар бисёри онҳо афкори фитнаангези гурӯҳҳои бадхоҳи давлату миллати тоҷик инъикос гардидааст. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон ворид гардидани коронавирус сияҳдилони наҳзатӣ чун Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Мухаммадиқбол ва амсоли инҳо шахсони чоплус, дурӯя, хоин, дурӯғгӯ ва нохалаф хурсандӣ дошта, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд обрӯю нуфузи миллати тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд. Дар урфият мегӯянд, ки: “Душман гап наёфт, думи сагат каҷ мегӯяд”. Ва ин гурӯҳ ҳамин гуна ҳам ҳаст. Чун оина равшан аст, ки коронавирус на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидаву мардуми сайёра аз он ба танг омадаанд. Ин гурӯҳ бо “дилсӯзиҳои худ ” байни миллати тоҷик таҳлуқа, воҳима ангехта бори дигар мехоҳанд миллати тоҷикро аз ҳам ҷудо намоянд. Сияҳдилӣ ва низоъангезӣ дар тинати ин гурӯҳ - наҳзатиён ҷой гирифтааст ва “хӯе, ки бо шир дарояд, бо ҷон барояд”.
Бояд гуфт, ки аз рӯи таҷрибаи тамоми созмонҳои бонуфузи тандурустии ҷаҳонӣ ягона роҳи пешгирӣ ва эмин мондан аз ин беморӣ ин гирифтани иммунизатсия (ваксинатсия) бар зидди ин беморӣ мебошад. Имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои миллат барои пешгирӣ ва паҳн нагардидани сирояти нави коронавирус аз як қатор кишварҳои ҷаҳон барои гузаронидани иммунизатсия ба аҳолии мамлакат ваксинаҳо бар зиди ин беморӣ оварда шудааст. Шаҳрвандони азизро мебояд барои гирифтор нашудан ва паҳн нагардидани бемории нави коронавирус, ба нуқтаҳои тиббии ҳудуди зисти худ рафта, аз иммунизатсия ҳатман гузаранд, зеро дар урфият гуфтаанд “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст”.
Ба маврид аст ёдовар шавем, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллат ва пешрафти давлати миллӣ бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардумро дар роҳи пешгирии ҳама гуна мушкилӣ ғайрату қувва ва илҳоми тоза мебахшад. Дур нест, ки миллати сарбаланди тоҷик аз ин имтиҳони айём бо сарбаландӣ мегузарад, зеро бузурге фармуда:
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шаб, ки ояд, зи пайи он саҳаре аст.
Расулов Ғолиб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон